Санаи 5 июли соли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар шаш моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода, муовини якум ва муовинони раиси Кумита, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Кумита, сардорони раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2023 муовини раиси Кумита Зуҳурзода Саид тариқи рӯнамо ҳисобот манзур намуда, сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ҳисобот доданд.
Сипас, дар рафти ҷаласа сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Исмоилзода Хуршед суханронӣ карда ҷиҳати тақвияти фаъолият таклифҳо манзур намуд.
Дар хотимаи ҷаласа, аз ҷониби раиси Кумита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, таъмини истифодаи мақсадноки амволи давлатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон ва расидагӣ намудани ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои онҳо дода шуд.