СВЯЖИТЕСЬ С НАМИ
14 сентябри соли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқоти раиси Кумита Қодирзода Саъди бо ҳайати расмии Шоҳигарии Тайланд ва намояндагони ширкатҳои соҳавӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои логистика ва нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба ҳайати расмии Тайланд маълумот вобаста ба имтиёзҳои андозӣ ва гумрукии соҳаҳо ва барномаи солҳои рушди саноат 2022-2026 пешниҳод гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд. Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.