Санаи 6-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии савдои берунаи АМА ҷаноби доктор Танӣ бин Аҳмад Ал-Зайюдӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, савдо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар рафти вохӯрӣ аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути истифодаи платформаҳои шарикии стратегӣ ва ширкатҳои сармоягузории Аморот, изҳор намуданд. Ҳамчунин, Раиси кумита вазири давлатӣ ва соҳибкорони Аморатиро ба барои иштирок дар форуми Душанбе-Инвест 2025, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.