Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Государственный комитет
по инвестициям и управлению государственным имуществом
  • О КОМИТЕТЕ
  • ПРЕСС-ЦЕНТР
  • ТЕНДЕРЫ
  • КОНТАКТЫ
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ English
    Русский
    Инвестиции
    • Государственные инвестиции
    • Инвестиционные возможности
    • Путеводитель инвестора
    • Нормативно-правовая база
    • Инвестиционная карта
    Предпринимательство
    • Государственная поддержка предпринимательства
    • Показатели развития предпринимательской деятельности
    • Механизмы сотрудничества
    • Проверка деятельности
    • Система лицензирования
    • Рейтинги
    • Женское предпринимательство
    • Нормативно-правовая база
    Государственное имущество
    • Управление государственным имуществом
    • Реструктуризация и приватизация
    • Структура управления государственным имуществом
    • Нормативно-правовая база
    Почему Таджикистан?

      • Русский
        • Язык
        • Русский
        • Тоҷикӣ
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Республика Таджикистан, 734000, г. Душанбе, Шоҳтемур 27
      • info@investcom.tj
      • Время работы с 8:00 до 17:00

      Иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

      Рӯзҳои 21-23 марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари Гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар чорабиниҳои идонаи бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин ноҳия иштирок намуд.

      Санаи 21-уми март дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия чорабинии бошукӯҳи наврӯзӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, меҳмонони хориҷӣ ва фаъолону сокинони ноҳия баргузор гардид.

      Султон Раҳимзода сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯз табрик намуда, қайд намуд, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

      Ҷашни Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомоти нав ба нав раҳнамоӣ кардааст.

      Барномаи фарҳангӣ – оммавии наврӯзии ноҳия фарогири анъанаву русуми аҷдодӣ, суннатҳои дерина ва ойинҳои наврӯзии мардуми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва инчунин халқиятҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз буда, бо шеваи хоса ва ҷолиб манзури иштирокчиён гардид.

      Маҳалли баргузории чорабинӣ бо рамзҳои хоси ҷашни Наврӯз, аз ҷумла гулҳои рангоранг, дастархони ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ оро ёфта, фазои ҳақиқии идонаро таҷассум мекард.

      Баромадҳои ҳунармандони касбӣ ва дастаҳои ҳаваскор бо рақсу таронаҳои халқӣ, саҳнаҳои театрӣ ва намоиши расму ойинҳои миллӣ шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодиро бозгӯ намуданд.

      Ҳамзамон, рӯзҳои 22-23 март раиси Кумита Султон Раҳимзода дар чорабинии наврӯзии маҳаллаи Мусаффои деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик», маркази савдою хизматрасонии “Раҳимӣ”, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Шоҳқадамбулоқ, Темурмалик, шаҳраки Сайҳун, кӯдакистон дар деҳаи Сумчак, корхонаи паррандапарварии ҶДММ “Чуҷаи Байзо”, токзори хавозавии ҶДММ “Шамси Қамар”, корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии ҶДММ “Қоғази Тоҷик” ва рафти корҳои кишту кори баҳорӣ шинос гардид.

      ФОТОГРАФИИ:

      23.03.2026
      40
      Главная страница
      • Новости
      • Объявления
      • Форумы
      • Документы
      • Пресс-релизы
      • Видеоматериалы


      Инвестиции
      Государственные инвестиции
      Инвестиционные возможности
      Путеводитель инвестора
      Нормативно-правовая база
      Инвестиционная карта
      Предпринимательство
      Государственная поддержка предпринимательства
      Показатели развития предпринимательской деятельности
      Механизмы сотрудничества
      Проверка деятельности
      Система лицензирования
      Рейтинги
      Женское предпринимательство
      Нормативно-правовая база
      Государственное имущество
      Управление государственным имуществом
      Реструктуризация и приватизация
      Структура управления государственным имуществом
      Нормативно-правовая база
      Почему Таджикистан?
      2024 © Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом
      Яндекс.Метрика
      СВЯЖИТЕСЬ С НАМИ