Санаи 8-уми апрели соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ҶДММ «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» дар шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2019” ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад.
Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор адад техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021 истеҳсоли 60 ҳазор адад мошинаҳои ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор адад телевизор ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор адад афзоиш ёфт.
Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар гирифта, дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо (то 100 ҳазор адад) ва роҳандозии истеҳсоли кондитсионерҳо (то 50 ҳазор адад) пешбинӣ гардида, инчунин бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷа, иқтидори умумии истеҳсолии солонаи корхона то 300 ҳазор адад расонида мешавад.
Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат намуда, барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати кишвар замина фароҳам меорад.

English
36