Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Государственный комитет
по инвестициям и управлению государственным имуществом
  • О КОМИТЕТЕ
  • ПРЕСС-ЦЕНТР
  • ТЕНДЕРЫ
  • КОНТАКТЫ
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ English
    Русский
    Инвестиции
    • Государственные инвестиции
    • Инвестиционные возможности
    • Путеводитель инвестора
    • Нормативно-правовая база
    • Инвестиционная карта
    Предпринимательство
    • Государственная поддержка предпринимательства
    • Показатели развития предпринимательской деятельности
    • Механизмы сотрудничества
    • Проверка деятельности
    • Система лицензирования
    • Рейтинги
    • Женское предпринимательство
    • Нормативно-правовая база
    Государственное имущество
    • Управление государственным имуществом
    • Реструктуризация и приватизация
    • Структура управления государственным имуществом
    • Нормативно-правовая база
    Почему Таджикистан?

      • Русский
        • Язык
        • Русский
        • Тоҷикӣ
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Республика Таджикистан, 734000, г. Душанбе, Шоҳтемур 27
      • info@investcom.tj
      • Время работы с 8:00 до 17:00

      Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

      Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумита баргузор гардид.

      Дар ҷамъомад раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо сухани муқаддамотӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини кишвар ҷойгоҳи хос дошта, маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи қавии сиёсӣ ва хиради волои давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба сулҳу оромии комил расида, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуданд.

      Ҳамчунин зикр гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз дастовардҳои нодир ва сабақҳои муҳими мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи муваффақи барқарорсозии сулҳ ва ризоияти миллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

      Дар идомаи ҳамоиш арбоби шинохтаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева оид ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, нақши сулҳи тоҷикон дар таҳкими давлатдорӣ ва саҳми арзандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, маҳз дар фазои сулҳу оромӣ имкониятҳои рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешрафти соҳибкорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум таъмин мегарданд.

      Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён бори дигар омодагии худро ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

      ФОТОГРАФИИ:

      26.06.2026
      33
      Главная страница
      • Новости
      • Объявления
      • Форумы
      • Документы
      • Пресс-релизы
      • Видеоматериалы


      Инвестиции
      Государственные инвестиции
      Инвестиционные возможности
      Путеводитель инвестора
      Нормативно-правовая база
      Инвестиционная карта
      Предпринимательство
      Государственная поддержка предпринимательства
      Показатели развития предпринимательской деятельности
      Механизмы сотрудничества
      Проверка деятельности
      Система лицензирования
      Рейтинги
      Женское предпринимательство
      Нормативно-правовая база
      Государственное имущество
      Управление государственным имуществом
      Реструктуризация и приватизация
      Структура управления государственным имуществом
      Нормативно-правовая база
      Почему Таджикистан?
      2024 © Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом
      Яндекс.Метрика
      СВЯЖИТЕСЬ С НАМИ