Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Баргузории ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

      16 ноябри соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи Кумита ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

      Раиси Кумита Султон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ табрик гуфт. Таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари эҳтирому эътимоди мардуми кишвар ба ниҳоди президентӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва таъмини зиндагии осудаи мардум мебошад.

      Бо роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ заминаи мустаҳкам гузошта шуданд. Дастовардҳои имрӯзаи кишвар дар бунёди инфрасохтори муосир, рушди саноату энергетика, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ самараи сиёсати созандаву дурбинонаи Сарвари давлат мебошанд.

      Дар ин замина, ба нақши дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва рушди бахши хусусӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, таъкид гардид, ки татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ин самтҳо аз кормандони Кумита ташаббускорӣ, масъулияти баланд ва ҳамкории пайваста бо соҳибкорону сармоягузоронро тақозо менамояд.

      Сипас, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Ҷӯрабек Шариф оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маърӯза намуд. Дар маърӯза ба масъалаҳои таъмини волоияти Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

      Зикр гардид, ки гиромидошти Рӯзи Президент бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дарки масъулият дар назди давлату ҷомеа пайванди ногусастанӣ дорад. Арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои истиқлолият бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар як корманд тавассути хизмати содиқона, риояи қонуният ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои рушди кишвар ифода ёбад.

      Дар рафти ҷаласа, як қатор кормандони Кумита, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

      Ҷаласаи тантанавӣ бо таъкиди зарурати таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ ва саҳмгузории бештар дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз анҷом ёфт.

       

      PHOTOS:

      16.11.2026
      39
      Main page
      • News
      • Announcement
      • Forums
      • Documents
      • Press releases
      • Video


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US