Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600
Вазифа: Сармутахассис оид ба рушди тичорат, сохибкории хурд ва миёна
Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-12
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои ҷалби мушовири инфиродӣ ба вазифаи штатии Сармутахассис оид ба рушди тичорат, сохибкории хурд ва миена равона созад.
Вазифа аз таъмини ҳамоҳангсозии техникӣ, назорати техникии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) ва назорати сифат барои татбиқи Компоненти 2, аз ҷумла Зеркомпонентҳои 2.1, 2.2 ва 2.3 иборат мебошад. Мутахассис ҳамчун намояндаи асосии техникии ГТЛ барои ҳамкорӣ бо Шарики техникӣ оид ба Компоненти 2 (TP2) фаъолият намуда, таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози лоиҳа сифат, саривақтӣ ва натиҷаҳои татбиқи фаъолияти TP2-ро назорат мекунад; нақшаҳои корӣ, воситаҳо ва натиҷаҳои ташхиси тиҷорат, методологияҳои омӯзиш ва машваратдиҳии соҳибкорӣ, дастгирӣ оид ба омодагӣ ба сармоягузорӣ ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ, бизнес-нақшаҳо ва пешниҳодҳои сармоягузорӣ, ҳуҷҷатҳои техникии раванди грантҳо, роҳнамоӣ ва дастгирии машваратӣ, робитаҳои бозорӣ ва занҷираҳои арзиш, натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳо ва натиҷаҳои асосии техникиро баррасӣ менамояд; мониторинги саҳроӣ ва санҷишҳои интихобиро дар асоси хавфҳо анҷом медиҳад; инчунин ба Ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба қобили қабул будани натиҷаҳои техникӣ ва чораҳои ислоҳӣ тавсияҳо пешниҳод менамояд. Дар доираи Компоненти 2 то 100 корхонаи микро, хурд ва миёна ташхиси инфиродӣ, омӯзиш ва дастгирии машваратӣ мегиранд ва аз онҳо 50 корхона дар асоси озмун барои гирифтани зергрантҳо, интихоб карда мешаванд. Мутахассис ба таври пурра дар идораи ГТЛ назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, мунтазам сафарҳои корӣ ва боздидҳои саҳроӣ анҷом медиҳад. Шартномаи ибтидоӣ ба муҳлати дувоздаҳ (12) моҳ, аз ҷумла давраи озмоишии се (3) моҳа баста шуда, дар сурати натиҷаҳои қаноатбахши фаъолият, мавҷудияти маблағгузорӣ ва боқӣ мондани эҳтиёҷоти Лоиҳа ба ин вазифа метавонад тахминан то моҳи апрели соли 2029 тамдид карда шавад.
Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1OXr3fIikauC3xm_sKErj35UNOslYKCi4uOnFgzS7qoA/edit?usp=sharing
Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии ба талабот мувофиқ («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ба ин вазифа изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои супориши мазкур, аз ҷумла резюмеи навшуда (CV) бо тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.
Меъёрҳои интихоби Мушовир:
Маълумот
- Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, менеҷмент, молия, маркетинг, рушди байналмилалӣ ё дигар соҳаи дахлдор.
Таҷрибаи касбӣ
- На камтар аз панҷ (5) соли таҷрибаи касбӣ бо сатҳи афзоиши масъулият дар самти рушди корхонаҳои микро, хурд ва миёна ё рушди соҳибкорӣ, хизматрасониҳои машваратӣ ба тиҷорат ё рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла на камтар аз се (3) сол дар Тоҷикистон ё дар шароити муқоисашаванда;
- На камтар аз се (3) соли таҷрибаи корӣ дар Тоҷикистон дар самти дастгирии бахши хусусӣ, корхонаҳои микро, хурд ва миёна ва/ё соҳибкорӣ;
- Таҷрибаи кор бо мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои молиявӣ ва шарикони рушд.
Малакаҳои забонӣ ва компютерӣ
- Донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ афзалият ба ҳисоб меравад;
- Малакаи хуби кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint) ва воситаҳои таҳияи ҳисобот.
Диққати Мушовирони ҳавасманд ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб карда мешавад.
Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 16:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.
Изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 26 октябри соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

Русский
English
344