Санаи 5 январи соли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзод, муовини якум ва муовинони раиси Кумита, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Кумита, сардорони раёсат ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода С. ба кори ҷаласа расман оғоз бахшида, оид ба иҷрои дастуру cупорихои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон зимни паёми худ ба Мачлиси Оли Чумхурии Точикистон баён намуданд, суханрони намуданд.
Ҳамзамон, оид ба фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2022 раиси Кумита Қодирзода.С.С масъулини Кумита ҳисобот доданд.
Дар охири ҷаласа сардори Раёсати банақшагирии стратегии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзод вобаста ба баҳисобгирии маблағҳои азхудкардашудаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ҷамъбасти арзёбии фаъолияти марказҳои тадбиқи лоиҳаҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тарғиби имкониятҳои сармоягузории кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҚодирзодаС.С. супориш дода шуд, ки бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои мушаххаси дар ҷаласа баёнгардида, қарори ҳайати мушовараи барои семоҳаи якуми соли 2023 ба тасвиб расонида шавад.