Имрӯз вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лилиан Дарий баргузор гардид,
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди минтақаҳо ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баргузори ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ, ки санаи 3 апрели соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, корбарӣ карда мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ Қодирзода Саъдӣ ба Лилиан Дарий дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Молдова муваффақият орзу намуд