Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории чорабинӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ

      Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.

      Чорабиниро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ҳусни оғоз бахшида нахуст ҳозиринро ба фарорасии иди баҳори нозанин – Наврӯзи Аҷам табрик намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо ташаббусу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархунда ва падидаи нодиру бузурги табиат, таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ – Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон таъкид намуда буданд, ки “Наврӯз, баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад”.

      Воқеан, Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

      Дар охир раиси Кумита бори дигар иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ба ҳозирин хушбахтиву сарбаландӣ ва сарсабзиҳои наврӯзӣ орзу намуд.

       


      18.03.2023
      1 832
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО