Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон

             28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлкат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

      Дар кори ин Анҷуман, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори аввал барпо шуд, доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок намуданд.

       Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва шумули Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, инчунин муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, нақлиёт, молия ва дигар ниҳодҳои соҳавӣ иштирок намуд.

       Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур аз таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак иборат буд.

      Дар чаҳорчӯби Анҷумани мазкур, ки аз иҷлосҳои ифтитоҳӣ ва якчанд иҷлоси пленариву мавзӯӣ иборат буд, вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон дар қолаби “Соҳибкор бо соҳибкор” (В2В) ва “Соҳибкор бо Ҳукумат” (B2G) танзим шуданд.

       Дар ҳошияи ҳамоиши номбурда ҷиҳати муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши молу маҳсулоти бахшҳои саноат, истихроҷ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хидматрасонии бонкӣ низ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни намоиш ба соҳибкорони хориҷӣ роҷеъ ба фазову имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои мазкур маълумоти муфассал ироа шуда, лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ барои баррасии баъдии онҳо пешниҳод гардид.

       Дар натиҷаи мулоқоту музокироти аъзои ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорон байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат ва ширкатҳои хусусӣ 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ имзо шуданд.

      Дар поёни Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон ба мақсади таҷлил аз Иди байналмилалии Наврӯз бо ширкати меҳмонони Анҷуман ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатии муқими Лондон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд, ки зимни он ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ бо муаррифии фарҳанги волои мардуми тоҷик, хотири меҳмононро бо суруду рақсҳои худ шод гардониданд.

      Интизор меравад, ки Анҷумани мазкур ба муаррифии иқтидори содиротӣ, ҷалби бештари сармояву воридоти фанновариҳои муосир дар оянда ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

      АКСҲО:

      29.03.2023
      1 866
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО