Санаи 5 майи соли 2023 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва Палатаи савдо саноат дар МД “Китобхонаи миллӣ” Форуми соҳибкории Тоҷикистону Малайзия баргузор гардид.
Форуми соҳибкоронро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия, хонум Кристина Ти, роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои нав ва раиси Палатаи савдо ва саноат бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар чорабини беш аз 100 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии ду давлат иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони малайзиягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои, саноат, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки шарикии васеи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд, таъмини савдои мунтазам, ҳаракати озоди мол, сармоя, хизматрасонӣ ва технология аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо боқӣ монанд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.