Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Муколамаи тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Корея

      Санаи 19 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон муколамаи тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Корея баргузор гардид.

      Форуми сармоягузориро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Квон Донгсон оғоз бахшида шуд.

      Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарони аввали вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои бонуфузи сармоягузории Корея имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ муаррифӣ карда шуданд.

      Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаҳои зерини иқтисодиёт ба монанди саноат, энергетика, кишоварзӣ, туризм, тандурустӣ, технологияҳои иттилотӣ – коммуникатсионӣ ва хизматрасонии ду давлат иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар, инчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва санотӣ  мебошад.

      Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

      Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ба рушди муносибатҳо, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

      АКСҲО:

      19.06.2023
      1 922
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО