Санаи 19 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Волвач Дмитрий Валеревич вохурии намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Россия баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур роҳбарони намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатии ду давлат имкониятҳои ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби доираҳои бахши хусусии ду давлат лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ фарматсевтика ва шаҳри ҳушманд муаррифӣ гардиданд.
Аз натиҷаи баргузории вохурӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Кӯлобу Суғд, инчунин дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба имзо расонида шуд.