Санаи 23 июни соли 2023 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор карда шуд.
Дар Форуми мазкур доираи васеи меҳмонон аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанию ва хориҷӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Кореяи ҷанубӣ ва Фаронса иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ дар Форуми мазкур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми иҷозатдиҳию иҷозатномадиҳӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо дарназардошти нуқтаҳои қайдшуда ва идома ёфтани татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ, аз доираҳои соҳибкорию сармоягузорони дар Форуми мазкур ҳузурдошта даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, нимаи дуюми рузи 23 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» баргузор гардид.
Дар доираи Форум ва Намоишгоҳи мазкур байни доираҳои соҳикборию сармоягузории ватанию хориҷӣ як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.