ТАМОС БО МО
Санаи 25 июли соли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ вохӯрии раиси Кумитаи Саъдӣ Қодирзода бо мудири яке аз намояндагиҳои ширкати италиявии “BTT Impianti” дар Эрон Омар Антонио Сескут баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба сармоягузорон маълумот вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноати куҳӣ ва тиҷорат мавриди муҳоқима қарор доданд.
Зимни мулоқот ҷониби италиявӣ хавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои истиҳроҷи тилло, платина, палладий, мис ва нуқра иброз намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд.