Дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 29-30 сентяби соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" ба нақша гирифта шудааст.
Мақсад аз ташкил ва баргузории Форум мазкур - ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои рушд ва инкишофи бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишвар мебошад.
Дар доираи Форум 9 панел дар назар дошта шудааст, ки онҳо оид ба пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт, тандурустӣ, молия ва содирот равона карда мешаванд.
Форуми мазкур ба соҳибкорон барои ҷалби сармоягузориҳо ва шарикони тиҷоатӣ мусоидат менамояд.
Маконҳои баргузорӣ: Маҷмааи"Кохи Истиқлол", Маҷмааи "Манеж" ва "Китобхонаи миллӣ"
Барои пайдо намудани маълумоти бештар метавонед ба рақамҳои
+992 (37) 221-71-28, +992 (37) 221-48-60 занг занед ва ё аз сомонаи dushanbeinvest.com истифода баред.
Бақайдгирии иштирокчиёни Форум онлайн дар сомонаи болозикр ташкил карда шудааст.