Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки Раиси Кумита, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чорабиниро Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи муҳиму идона самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Яке аз омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Дар охир аз ҷониби раиси Кумита як қатор корхонаҳои зертобеъ ва кормандони Кумита барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, инчунин иштирок дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.