ТАМОС БО МО
19 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гуруҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Чин таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини сардори Департаменти сармоягузории Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо, дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, иқтисоди рақамию сабз, бо ҷалби сармоягузорони хитойӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.