Санаи 2 июли соли 2023 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии раиси Кумита Саъдӣ Қодирзода бо намояндагони ширкати қатарии “Ал-Сулайтин” баргузор гадид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Кумита ба сармоягузорон маълумот вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвар дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳоқима қарор доданд.
Зимни мулоқот намояндагонии ширкат аз даъват барои иштирок ва дар сатҳи баланди баргузории Форуми байналмиллалии сармоягузории “Душанбе-2023” минатдорӣ намуда, хавасмандии худро барои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузори дар соҳаҳои кишоварзӣ ва сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд.
Дар фарҷом аз намояндагони ширкат даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.