ТАМОС БО МО
Санаи 19 октябри соли 2023 ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо Форуми сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ бо доираи сармоягузорони қатарӣ баргузор карда шуд, ки дар кори он доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи Тоқикистону Қатар иштирок намуданд.
Зимни баргузории форуми мазкур, ба ҳайати қатарӣ имкониятҳо ва фазои сароягузории кишвар муаррифӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ лоиҳаҳои афзалиятнок бо ҷониби қатарӣ баррасӣ ва барои маблағгузорӣ пешниҳод гардиданд.