Санаи 2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У.Ю. ва аъзои бюрои сиёсӣ, аъзои ҳизби Коммунистии Чин, котиби комитети партиявии НМСӮ-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синь Жуй Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин “НМСӮ”баргузор гардид.
Дар Форум роҳбарони вазорату идораҳои ҷонибҳо ва беш 200 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ҳарду тараф ширкат варзиданд. Зимни баргузории форум ба ҳайати чинӣ имкониятҳо ва фазои сароягузории кишвар муаррифӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ лоиҳаҳои афзалиятнок ба ҷониби чинӣ барои ҳамкорӣ пешниҳод гардиданд. Инчунин, дар доираи чорабинӣ, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор карда шуд.
Дар натиҷа байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин 25 адад созишномаҳо дар соҳаҳои истеҳсол ва содиротӣ маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, энергетика ва ёдошти ҳусни тавоҳҳум байни минтақаҳои озоди иқтисодии ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд.