8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок карданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосию стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва имкону захираҳои табии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво, ҳамчунин оид ба зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду кишвар дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Таъкид гардид, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.