Ҳамасола дар ҷумҳурӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор чорабиниҳои муҳими сатҳи милливу минтақавӣ ташкил ва баргузор мегардад. Имсол низ, санаи 15 ноябри соли 2023 дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенсӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд бахшида ба ин рӯз Ҳамоиш баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доираи васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар доираи ЭКСПО 2023 – рушди соҳибкории занон: шарикӣ ва имкониятҳои рушд иштирок намуданд.
Маросими расмии чорабинӣ бо иштирок ва суханрониҳои ифтитоҳии Матлубахон Сатториён - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сумангул Тағойзода – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъадаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Гулнора Ҳасанзода – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарина Уракова - Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Намояндагии СММ-Занон дар Тоҷикистон, Холгер Вифел - Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ва Олег Гучгелдиев - Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки аз оғози давлатдории навин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра барои занону духтарон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи онҳо муҳайё карда шудааст. Дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт аз ҷумла як қатор ислоҳоти самаранок татбиқ карда шудааст, ки он бевосита барои бонувони соҳибкор ҷиҳати пешбурд ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар саросари кишвар мусоидат менамояд.
Тавассути дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Ҳадафҳои Ҳамоиш ин пеш аз ҳама ба намоиш гузоштани молу маҳсулот ва хизматрасониҳои бонувони соҳибкори тоҷик, баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону ҷавонони кишвар аз ислоҳоти раванди фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои молиявӣ, ислоҳоти навин дар самти мазкур, муаррифии имкониятҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳои шарикони рушд ба занону духтарони соҳибкор, мубодилаи таҷриба миёни бонувони соҳибкори кишвар, ҷалби коршиносони сатҳи миллию байналмилалӣ дар самти рушди соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон, баланд бардоштани малакаи занон дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз ва дигар масъалаҳои мубрам, инчунин ҷалби доираи васеи занону духтарони манотиқи кишвар мебошад.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум ба як қатор соҳибкорзанони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми арзанда доранд, ҷоиза супорида шуд.
Сипас, кори Ҳамоиш дар доираи панелҳои алоҳида дар мавзуъҳои “Нақши занон дар соҳаи агробизнес”, “Рушди тиҷорати электронӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибкор”, “Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар самти роҳандозии маҳсулоти дорои ҷанбаҳои гендерӣ” идома ёфт.
Дар қисмати ҷамъбастии Форум гузориши модераторони панелҳо шунида шуда, миёни иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.