ТАМОС БО МО
7 апрели соли 2025, дар доираи Конгресси AIM (Annual Investment Meeting), Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султон Раҳимзода бо ҷаноби Заид бин Рашид бин Авейда Ал Кубайси, директори генералии Гурӯҳи Сармоягузории Абу-Даби (ADIG), мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз равобити иқтисодии рӯзафзуни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб шаҳодат медиҳад.
Ҷониби Аморот ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса ба дастгирии рушди истеҳсоли гидрогени сабз ва тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир намуд. Ин нишондиҳандаи уҳдадории муштарак барои пешбурди роҳҳои ҳалли устувори энергетикӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар мебошад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои омӯзиши имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва таҳкими шарикии дарозмуддат таъкид карданд.