Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Шарифзода Муҳаммадзариф зимни суханронии худ аҳли нишастро бо ин санаи тақдирсозу сарнавиштсози миллат – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, табрик намуда, аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофаринӣ ва таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар ёдовар шуд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо аҳаммияти сиёсиву иҷтимоӣ, балки аҳаммияти ҳаётӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофарамон гардидааст.
Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби масъулини Кумита вобаста нақш ва аҳаммияти Ваҳдати миллӣ дар рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод гардид.