Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025»

      Санаи 16-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор гардид.

      Дар ҷаласа, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукоти Форуми байналмиилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Ҳоким Холиқзода иттилоъ дод, ки баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории кишвар мусоидат менамояд.

      Сипас, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории “Dushanbe Invest – 2025” Султон Раҳимзода ба аъзои Кумитаи тадорукот роҷеъ ба рафти корҳои омодагӣ, таърих ва макони баргузорӣ, сохтори Барнома, масъалаҳои молиявӣ, ташкили намоишгоҳ, чорабиниҳои канорӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию муҳтавоии Форум иттилоъ дод.

      Маврид ба зикр аст, баргузории Форуми “Душанбе Инвест-2025” рӯзҳои 14-16-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он ин муаррифии имкониятҳои сармоягузории “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкории барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ҳавасманд равона гардидааст.

      Дар фарҷоми ҷаласа, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ба аъзои Кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи баланди муҳтавоию ташкилӣ ва натибахш баргузор намудани Форуми мазкур дастури супоришҳои мушаххас дод.

      АКСҲО:

      16.07.2025
      191
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО