Санаи 26-уми ноябри соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода дар сеюмин Форуми иқтисодии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо», ки дар шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар Форуми мазкур ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва институтҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин созмонҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд.
Дар форум масъалаҳои беҳтарсозии муҳити тиҷорат ва сармоягузорӣ, дастгирии ислоҳоти сохторӣ, пешбурди трансформатсияи сабз ва рақамӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар суханронии ифтитоҳии худ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ мекунад ва барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки барои манфиатҳои дарозмуддати рушди устувори кишвар ва минтақа мувофиқ, ҳавасманд мебошад. Ҳамзамон аҳамияти тақвият бахшидани ҳамкории саноатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии рақамӣ, муосиргардонии инфрасохтори энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид гардид.
Дар натиҷаи кори Форум ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкории пайгирона, амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории муштарак ва пешбурди устувории иқтисодӣ дар минтақа тасдиқ карданд.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Сутон Раҳимзода дар сессияи панелии “Муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ”, муовини якуми Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Улуғбек Умарзода дар сессияи панелии “Таҳкими иқтидори касбӣ дар Осиёи Марказӣ” ва муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода дар сессияи панелии “Ҳамгироии минтақавӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чаҳорчӯби Форум инчунин вохӯриҳои муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Йозеф Сикела ва ноиби Президенти Бонки Сармоягузории Аврупо ҷаноби Марек Мора баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Сармоягузории Аврупо, аз ҷумла тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳо дар самти иқтисоди «сабз», нақлиёт ва рақамисозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Русский
English
77