Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита Султон Раҳимзода бо намояндагони ширкати Robot Motorcycle Electric Vehicle баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёти барқӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Намояндагони ширкат аз ҳавасмандии худ ҷиҳати омӯзиши муҳити сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии иқтидори кишвар барои маҳаллисозии истеҳсолот ва рушди лоиҳаҳои муштарак изҳори назар намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро идома дода, самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Русский
English
150