Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025

      Имрӯз, 11-уми феврали соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид.

      Дар нишаст роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

      Раиси Кумита Султон Раҳимзода зимни ифтитоҳи нишаст доир ба натиҷаҳои асосии фаъолияти мақомот дар давраи ҳисоботӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.  

      Зимни баромад дастовардҳо дар самтҳои зерин махсус таъкид шуданд:

      • идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати соддасозии расмиёти маъмурӣ ва беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ;
      • ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушд;
      • татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо;
      • таҳкими низоми идоракунӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ;
      • баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию молиявии соҳибкорон ва сармоягузорон.

      Дар ҷараёни нишаст ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба раванди хусусигардонӣ, нишондиҳандаҳои ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Кумита ҷавобҳои мушаххасу асоснок пешниҳод гардиданд.

      Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси Кумита аҳамияти муколамаи созанда бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаро таъкид намуда, иброз дошт, ки шаффофият ва ҳисоботдиҳии мунтазам омили муҳими таҳкими эътимод ба сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

      Нишаст дар фазои ошкоро ва созанда баргузор гардида, ба ҳамаи саволҳо бо пешниҳоди маълумоти дақиқ ва рақамҳои мушаххас посух дода шуд.

       

      АКСҲО:

      11.02.2026
      36
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО