Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, роҳбарият ва кормандони Кумита, шарикони рушд ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни халқҳо буда, арзишҳо ва оинҳои неки он, аз ҷумла покиву озодагӣ, арҷгузорӣ ба табиат, меҳнатдӯстӣ, некиву накукорӣ, сарфаю сариштакорӣ, инчунин ободкориву зебоипарастӣ, ҷомеаро ба сӯи зиндагии шоиста, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои волои ниёгон раҳнамун месозад.
Дар доираи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, намунаҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла «ҳафт син», «ҳафт шин» ва дигар суннатҳои хоси наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки фазои идонаи Кумитаро боз ҳам хотирмон гардонид.
Иштирокчиён бо анъанаҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ аз наздик ошно гардида, фазои идонаро бо самимият ва эҳтироми мутақобил таҷлил намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии муштаракро боз ҳам таҳким бахшид.

Русский
English
40