Санаи 17-уми апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо роҳбарият ва намояндагони ширкати ZYF International Commercial-и Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла саноат, инфрасохтор ва технологияҳои муосирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Раиси Кумита Султон Раҳимзода зимни вохӯрӣ доир ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар навбати худ, намояндагони ширкати ZYF International Commercial имкониятҳои фаъолияти ширкат ва таҷрибаи худро дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ муаррифӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва баррасии имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва сармоягузориро таъкид намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуданд.

Русский
English
37