Cанаи 4-уми майи соли ҷорӣ, дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи солонаи 59-уми Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Рушд ба кори худ оғоз намуд, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.
Дар ҷаласаи имсола, ки таҳти шиори «Чорроҳаҳои пешрафт: пешбурди ояндаи ба ҳам пайвастаи минтақа» баргузор мегардад, зиёда аз 4 ҳазор коршинос аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва ширкатҳои пешсаф иштирок менамоянд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба трансформатсияи рақамӣ ва «иқтисоди сабз», устувории иқлим, рушди занҷираҳои истеҳсолӣ ва таъминот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои муҳим шомил карда шудаанд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳии ҷаласа доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва кушишҳои муштарак дар ин самт, инчунин идомаи дастгирии молиявию техникии лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ, экология, сайёҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда таваҷуҳ намуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити афзоиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, афзоиши ноустуворӣ дар бозорҳои энергетикию молиявӣ, инчунин халалдор гардидани занҷираҳои ҷаҳонии таъминот, зарурати тақвияти минбаъдаи дастгирии шарикони рушд барои нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ бештар мегардад.
Дар суханронӣ, инчунин аҳамияти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди «иқтисоди сабз» ва ҷалби сармоягузориҳо ба инфрасохтори стратегии кишвар, ки ҷузъи муҳими сиёсати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд, махсус зикр гардид.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо таваҷҷуҳи асосиро ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда дар моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд, зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи ҷалби маблағҳо барои идомаи бунёди НБО “Роғун”, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва имконияти сафарбар намудани захираҳои молиявӣ ва техникии Бонк ҷиҳати коҳиш додани таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисодиёти кишвар ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва барқарорсозии инфрасохторро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз соли 1998 то имрӯз Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллари ИМА саҳм гузоштааст, ки аз он беш аз 2,0 миллиард доллари ИМА дар шакли грант мебошад.
Айни замон, дар кишвар бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 931,7 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ, экология, ҳолатҳои фавқулодда ва сайёҳӣ амалӣ шуда истодааст.

Русский
English
31