25 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, Форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари намояндаи олии СММ оид ба кишварҳои тараққикарда, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ ташкил карда шуд.
Дар Форум намояндагони ҳукуматҳо, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои амалии ҷалби сармоя ба инфрасохтори устувор ва ба иқлим мутобиқшудаи обӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро баррасӣ намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва дигар иштирокчиёни ҷаласа зарурати таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши механизмҳои маблағгузории омехтаю инноватсионӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба сармоягузориҳои дарозмуддатро барои лоиҳаҳои инфрасохтори обӣ таъкид намуданд.
Ҳамчунин, дар Форум аҳамияти воситаҳои инноватсионии молиявӣ, маблағгузории иқлимӣ, механизмҳои тақсими хавфҳо ва ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об барои кишварҳои маҳрум аз баҳр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Форум ҳамчун платформаи муҳим барои табодули таҷриба, таҳкими шарикӣ ва муайян намудани роҳҳои амалии суръат бахшидан ба сармоягузорӣ дар идоракунии устувори захираҳои об ва рушди инфрасохтор ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои он дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.

Русский
English
63