ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ
(Хизматрасониҳои машваратӣ – Интихоби ширкатҳо)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600 (TWEEP, P511398)
Унвони супориш: Шарики техникӣ (ШТ) аз рӯи Компоненти 1 – Дастгирии занон ва гурӯҳҳои занон ҷиҳати беҳбуди манбаъҳои зиндагӣ
Рақами истинод (мутобиқи Нақшаи харидҳо): TWEEP-CS-QCBS-01
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ ба андозаи 4,73 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон” (TWEEP) дарёфт намудааст ва як қисми ин маблағҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ равона карда мешавад.
Хизматрасониҳои машваратӣ («Хизматрасониҳо») аз ҷалби Шарики техникӣ (минбаъд ШТ) — ташкилоти ғайритиҷоратӣ (ба таври мустақилона ё дар чорчӯби корхонаи муштарак) — барои дастгирии татбиқи Компоненти 1-и лоиҳа иборат мебошанд. ШТ хизматрасониҳои босифати омузишӣ, фасилитатсия, менторинг ва хизматрасониҳои фарогирӣ барои занони бенефитсиари мақсаднок ва гурӯҳҳои занонро таъмин намуда, инчунин таъмини интихоби шаффофи нақшаҳои тиҷоратӣ ҷиҳати пешниҳоди грантҳо ва дастгирии самараноки баъди гирифтани грантро иҷро менамояд. Лоиҳа шаш ноҳияи ҳадафнокро дар бар мегирад: ш.Роғун, н.Нуробод н.Ванҷ ва н.Шуғнон (ВМКБ), н. Шоҳмансур ва н.Фирдавсӣ (ш. Душанбе).
Фаъолиятҳои асосӣ ШТ аз фарогирӣ ва сафарбаркунии бенефитсиарҳо, гузаронидани омӯзишҳо оид ба соҳибкорӣ, саводнокии молиявӣ ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ташкили озмун оид ба таҳия намудани нақшаҳои тиҷоратӣ ва раванди грантдиҳӣ, инчунин то 12 моҳ мураббигарӣ ва дастгирии робитаҳои бозорӣ пас аз гирифтани грант иборат хоҳад буд.
ШТ уҳдадориҳои фидутсиарӣ надорад ва маблағҳои грантиро идора, назорат ё пардохт намекунад. Давомнокии пешбинишудаи иҷрои супориш 33 моҳ-ро ташкил медиҳад; оғози он моҳи июни соли 2026 ва анҷоми он моҳи феврали соли 2029 пешбинӣ шудааст.
Шартномаи техникии муфассал (ToR) барои вазифаи мазкур тавассутилинки зерин дастрас аст:
https://docs.google.com/document/d/1eSKT2z5yvewRgtpqAvTOP-BdKqBKDRefC2TzTJ_gfIU/edit?usp=sharing
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД) тавассути Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) бо ин васила ширкатҳои машваратиро («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро барои расонидани Хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумотеро пешниҳод намоянд, ки мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои Хизматрасониҳоро тасдиқ менамояд.
Меъёрҳои тартиб додани шорт-лист:
Изҳори ҳавасмандӣ аз рӯи меъёрҳое баҳогузорӣ карда мешавад, ки тахассуси беназири ташкилотҳои ғайритиҷоратиро инъикос менамоянд, аз ҷумла:
- (i) мавҷудияти на камтар аз 5 соли таҷриба ва тахассуси асосӣ дар соҳаҳои ба супориш марбут, бо таваҷҷӯҳ ба густариши имкониятҳои иқтисодии занон, дастгирии манбаъҳои зиндагӣ, рушди соҳибкорӣ ва сафарбаркунии ҷамоатҳо;
- (ii) таҷрибаи тасдиқшудаи иҷрои амалиёт бо ҳаҷм ва доираи фарогирии ба ин супориш монанд;
- (iii) донистани шароити маҳаллӣ ва ҳузур дар маҳал, аз ҷумла мавҷудияти муносибатҳои фаъоли корӣ бо ноҳияҳои ҳадафнок, ҷамоатҳои маҳаллӣ, мақомоти ноҳиявӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои занон дар минтақаҳои ҳадафнок (НТМ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ш. Душанбе).
Мушовирони асосӣ дар марҳилаи тартиб додани шорт-лист баҳогузорӣ намешаванд.
Диққати Мушовирони ҳавасманд ба Боби III, бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17 «Қоидаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирандагони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд — «Қоидаҳо») ҷалб карда мешавад, ки сиёсати Бонки Ҷаҳониро оид ба муноқишаи манфиатҳо муқаррар менамоянд.
Мушовирон метавонанд бо мақсади баланд бардоштани тахассуси худ бо дигар ширкатҳо муттаҳид шаванд, вале бояд ба таври равшан нишон диҳанд, ки оё чунин муттаҳидшавӣ дар шакли корхонаи муштарак ва/ё субмашваратӣ сурат мегирад. Дар сурати корхонаи муштарак, дар ҳолати интихоб шудан, ҳамаи шарикон якҷоя ва инфиродан барои тамоми шартнома масъул мебошанд.
Мушовир мутобиқи усули Интихоб дар асоси сифат ва нарх (QCBS), ки дар «Қоидаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирандагони ИФП» муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Изҳори ҳавасмандӣ бояд то санаи 12 июни соли 2026, соати 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) ба таври ҳузурӣ, ба воситаи почта ё почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол карда шавад:
Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ)
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДСИАД)
Хиёбони Рӯдакӣ, 40, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000
Масъул барои қабули ҳуҷҷат: Темур Маҳмадалиев, мутахассис оид ба хариди лоиҳа
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Сомона: www.investcom.tj

Русский
English
198