2-юми июли соли 2026|шаҳри Душанбе
Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристалл Грин Гласс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ баргузор гардид.
Лоиҳаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд амалӣ карда шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи он 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа корхонаи муосири коркарди сурма бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ бунёд мегардад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа зиёда аз 400 ҷойи нави кори доимӣ таъсис дода мешавад, ки ба баланд гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Лоиҳаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристалл Грин Гласс» дар шаҳри Душанбе амалӣ карда шуда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи он 120 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа маҷмааи муосири саноатӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд мегардад.
Дар доираи лоиҳа беш аз 450 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аҳамияти хоси ин лоиҳа дар он аст, ки барои нахустин бор дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муосири истеҳсоли шиша бунёд карда мешавад. То имрӯз кишвар ба воридоти маҳсулоти шишагӣ вобаста буд, аммо бо амалисозии ин лоиҳа Тоҷикистон ба истеҳсолкунандаи мустақили ин намуди маҳсулот табдил меёбад.
Дар маҷмуъ, татбиқи лоиҳаҳои болозикр ба амалишавии ҳадафҳои Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидориҳои саноатию истеҳсолии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нави доимӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Русский
English
46