Санаи 10-уми июли соли 2026 таҳти раёсати раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита, рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои Кумита ва таҳкими интизоми иҷроия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа, фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, суръат бахшидан ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, омода намудани лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, густариши истифодаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, рақамикунонии равандҳои сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи амволи давлатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои мушаххас барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифат ва саривақтии онҳо, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ва таҳкими фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Русский
English
43