15-уми июли соли 2026 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» созишномаи сармоягузорӣ оид ба татбиқи лоиҳаи таъсиси кластери нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Барои татбиқи лоиҳа ҷалби 83,2 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ пешбинӣ гардида, он ба ташкили занҷираи пурраи истеҳсолоти нассоҷӣ, аз парвариш ва коркарди пахта то истеҳсоли ришта, матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳа ташкили беш аз 5500 ҷойи нави кории нав барои аҳолии маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа ба рушди саноати сабуки кишвар, афзоиши иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Русский
English
71