Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистону Монголия

      21.07.2026

      Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар шаҳри Улан-Батораз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи миллии савдо ва саноати МуғулистонФоруми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор карда шуд.

      Дар кори форум, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои пешбари ду кишвар иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тавсеаи содироту воридот ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Зимни сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз намуд, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

      Иброз гардид, ки Тоҷикистон бо назардошти сиёсати иқтисодии кушода, муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва иқтидори фаровони захираҳои табиӣ барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, нассоҷӣ, логистика, сайёҳӣ ва иқтисоди «сабз» имконияти васеъ дорад.

      Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Тсагаанхуугийн Идербат изҳор намуд, ки Муғулистон ба густариши ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулот, тиҷорат, ҳамлу нақл ва дигар бахшҳои дорои манфиати муштарак тақвият бахшад.

      Дар ҷараёни форум намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ҳар ду кишвар рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ, имконияти сармоягузорӣ ва афзалияти тиҷоратии Тоҷикистон ва Муғулистонро пешниҳод намуда, доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъсиси истеҳсолоти муштарак, рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳои байни соҳибкорон мубодилаи афкор анҷом доданд.

      Дар доираи форум инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар қолаби B2B баргузор гардида, намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории мустақим, содироту воридоти маҳсулот, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва имконияти таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

      Дар анҷоми форум байни доираҳои соҳибкории ду кишвар якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, густариши ҳамкории соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мусоидат мекунанд.

      АКСҲО:

      21.07.2026
      24
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО