23-юми июли соли 2026 | шаҳри Хоруғ
Имрӯз, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026» баргузор гардид.
Дар кори Форум роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон иштирок намуданд.
Дар доираи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ баргузор карда шуд.
Зимни Форум имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инфрасохтор ва иқтисоди «сабз» муаррифӣ гардиданд.
Таъкид карда шуд, ки захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои бузурги истеҳсоли энергияи барқароршаванда, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва иқтидори сайёҳии вилоят барои татбиқи лоиҳаҳои самараноки сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026» дар маҷмӯъ 57 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 6 миллиарду 580 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Русский
English
43