Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026

      Санаи 28-уми июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

      Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеъ, инчунин доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

      Дар оғози нишаст, аз ҷониби раиси Кумита Султон Раҳимзода оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 гузориши муфассал тариқи рӯнамо пешниҳод карда шуд.

      Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ роҳбарияти Кумита ба саволҳои сершумори хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуд. Мавзӯъҳои баррасишуда доираи васеи масъалаҳои вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварро дар бар гирифтанд, аз ҷумла:

      • натиҷаҳои корҳои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, инчунин чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ;
      • рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва самаранокии истифодаи маблағҳои ҷудошуда;
      • тадбирҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ, аз ҷумла соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ;
      • идораи молу мулки давлатӣ, назорати истифодаи самараноки объектҳои давлатӣ ва раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ;
      • ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои иштирок дар форумҳо ва музокироти сатҳи баланд бо шарикони хориҷӣ;
      • нақшаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2026.

      Дар анҷоми нишаст раиси Кумита Султон Раҳимзода аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Кумитаро барои ҳамкории минбаъда бо расонаҳо ва пешниҳоди иттилооти саривақтию боэътимод оид ба фаъолияти сохтор таъкид кард.

      АКСҲО:

      28.07.2026
      88
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО