Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласа оид ба шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда

      29.07.2026| шаҳри Душанбе

      Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти роҳбарии раиси Кумита Султон Раҳимзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамото  ҷаласа оид ба шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон амалишаванда, баргузор гардид.

      Дар ҷаласа намояндагони Бонки Осиёии Рушд, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуда, натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳоро дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Дар ҷараёни ҷаласа гузоришҳо оид ба ҳолати ҷории татбиқи ҳар як лоиҳа, аз ҷумла сатҳи азхудкунии маблағҳои ҷудошуда, иҷрои нишондиҳандаҳои муайяншудаи натиҷанокӣ, риояи ҷадвали иҷрои корҳо ва самаранокии истифодаи захираҳои молиявию техникӣ шунида шуданд. Ҳамзамон, мушкилот ва монеаҳои ба вуҷуд омада дар раванди татбиқ, аз ҷумла масъалаҳои ҳамоҳангсозии байни сохторҳои масъул, таъмини саривақтии ҳуҷҷатгузорӣ ва бартараф намудани қафомониҳои ҷойдошта мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

      Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, ки барои суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳо, таҳкими ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои сармоягузорӣ равона гардидаанд.

       

      АКСҲО:

      29.07.2026
      20
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО