27 сентябри соли 2026 | шаҳри Давҳа, Қатар
Имрӯз, дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми солонаи Шурои мудирони Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Президенти Бонк хонум Зоу Ҷиайи баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карданд.
Дар маркази таваҷҷуҳ рушди инфрасохтори муосир, соҳаи энергетикаю нақлиёт ва дигар лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, пешбурди рушди устувор ва таҳкими пайвастагии минтақавӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳо дар ин самтҳо метавонад ба беҳтар шудани робитаҳои иқтисодӣ, фароҳам омадани имкониятҳои нав барои сармоягузорӣ ва рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва омӯзиши имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак қайд карданд.

Русский
English
65