27 сентябри соли 2026 | шаҳри Давҳа, Қатар
27 сентябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Шайх Мансур бин Халифа Оли Сонӣ, муассис ва раиси ширкати «MBK Holding», мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, оид ба иштироки Шайх Мансур бин Халифа Оли Сонӣ дар Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!», ки рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи робитаҳои корӣ ва баррасии имкониятҳои ҳамкории минбаъда изҳор доштанд.

Русский
English
60