Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми соҳибкорӣ «Тоҷикистон ба пеш»

      14–15 октябри соли 2026 | Душанбе, маҷмааи «Кохи Ваҳдат»

      Тоҷикистон соҳибкорон, сармоягузорон ва шарикони байналмилалиро барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя муттаҳид менамояд.

      14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат», мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, инчунин Форуми соҳибкорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш» баргузор мегардад.

      Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, барои муколамаи созанда байни давлат, намояндагони соҳибкории ватанӣ ва хориҷӣ, сармоягузорон ва ниҳодҳои молиявӣ замина фароҳам меорад.

      Ташкилкунандаи чорабинӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

      Самтҳои асосии форум

      Барномаи дурӯзаи чорабинӣ масъалаҳои калидии рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодиро фаро мегирад.

      14 октябр — мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва форумҳои махсусгардонидашуда

      Рӯйдоди марказии рӯзи аввал мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон хоҳад буд.

      Дар доираи мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ, такмили фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои нави сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.

      Пас аз қисми пленарӣ форумҳои махсусгардонидашуда оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва сармояи венчурӣ баргузор мешаванд.

      Иштирокчиён механизмҳои ҷалби сармоя, маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусиро баррасӣ менамоянд.

      15 октябр — Форуми байналмилалии сармоягузории G10

      Рӯзи дуюми чорабинӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории G10 бахшида мешавад, ки намояндагони соҳибкорӣ, доираҳои сармоягузорӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои рушдро муттаҳид менамояд.

      Дар маркази таваҷҷуҳ тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва рушди устувор қарор хоҳанд дошт.

      Барнома инчунин муҳокимаҳои панелӣ ва ҷаласаҳои ҳамзамонро оид ба масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар бар мегирад.

      Намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ

      Дар давоми ду рӯзи чорабинӣ дар майдони форум намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ташкил карда мешавад.

      Намоишгоҳ ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки ташаббусҳои худро муаррифӣ намоянд, иқтидори соҳибкории миллӣ ва имкониятҳои сармоягузориро нишон диҳанд ва робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор кунанд.

      Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати муошират ва таҳкими ҳамкориҳои шарикӣ пешбинӣ шудааст.

      Кӣ метавонад дар форум иштирок намояд?

      Дар чорабинӣ намояндагони зерин иштирок хоҳанд кард:

      • Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ;
      • Соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ;
      • Сармоягузорон, фондҳои сармоягузорӣ ва намояндагони сармояи венчурӣ;
      • Бонкҳо, ниҳодҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
      • Намояндагони корпуси дипломатӣ ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ;
      • Соҳибкорони ҷавон ва намояндагони экосистемаи стартапӣ;
      • Коршиносони соҳаҳои иқтисод, инноватсия ва рушди соҳибкорӣ.

      Ҳадафҳо ва натиҷаҳои интизоршаванда

      Форум ба таҳкими муколамаи созанда байни давлат ва бахши хусусӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун макони ояндадори татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддати сармоягузорӣ равона шудааст.

      Интизор меравад, ки чорабинӣ барои ҳамоҳангсозии афзалиятҳои иқтисодии давлат бо ташаббусҳои бахши хусусӣ, муайян намудани лоиҳаҳои ояндадор барои ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳо байни соҳибкорони ватанӣ ва шарикони байналмилалӣ мусоидат намояд.

      БАРНОМАИ ЧОРАБИНӢ

      Макон: маҷмааи «Кохи Ваҳдат», шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

      14 октябри соли 2026 

      Вақт

      Чорабинӣ

      09:00–12:00

      Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон

      12:00–12:30

      Маросими супоридани ҷоизаҳо

      12:30–14:00

      Танаффуси нисфирӯзӣ

      14:00–15:30

      Форумҳо оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва сармояи венчурӣ

      15:30–16:00

      Танаффуси қаҳва

      16:00–17:30

      Идомаи форумҳо оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва сармояи венчурӣ

       

      15 октябри соли 2026

      Вақт

      Чорабинӣ

      09:00–12:30

      Форуми байналмилалии сармоягузории G10

      12:30–14:00

      Танаффуси нисфирӯзӣ

      14:00–17:00

      Идомаи Форуми байналмилалии сармоягузории G10

      17:00–19:30

      Барномаи фарҳангӣ

      Барномаи чорабинӣ метавонад аз ҷониби ташкилкунандагон тағйир дода шавад.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       


      10.10.2026
      42
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО