Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

      27-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Налибаев Нурлибек Машбекович, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар, ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

      Муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо талошҳои пайгирона ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев пайваста таҳким ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

      Комиссияи байниҳукуматӣ дар татбиқи тавофуқҳои сатҳи олӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва афзоиши сармоягузориҳои дуҷониба нақши муҳим мебозад.

      Нишондиҳандаҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодӣ:

      Гардиши савдои дуҷониба дар соли 2025 ба 1,2 миллиард доллари ИМА расид.

      Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 гардиши савдо 1,13 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,6 фоиз афзоиш ёфт.

      Қазоқистон аз лиҳози сармоягузории хориҷӣ ба панҷгонаи кишварҳои шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон шомил мебошад.

      Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми сармоягузориҳо аз Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 35,6 фоиз афзоиш ёфт.

      Дар ҷаласа натиҷаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 19-уми Комиссия ҷамъбаст гардида, масъалаҳои ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди савдо, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, энергетика, технологияҳои рақамӣ ва телекоммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Ҳамзамон, ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ муҳокима намуданд.

      Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид, ки чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок муайян менамояд.

      АКСҲО:

      27.10.2026
      38
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО