Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

      07.11.2026 | Қазоқистон

      Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар қасри президентии Ақорда дар Остона баргузор шуд.

      Дар ҷараёни суҳбат ҳарду пешво аз имконияти сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон ва муҳокимаи роҳҳои рушд ва таҳкими шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

      Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамкории ду кишвар дар ҳама самтҳои калидӣ босуръат рушд меёбад ва Қазоқистон яке аз шарикони пешбари тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли 2026 тиҷорати миёни ду кишвар 25,6% афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз як миллиард доллар зиёд шудааст.

      Дар оғози музокирот, муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев чунин изҳор доштанд "Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Ман аз сафари шумо ба Қазоқистон самимона истиқбол мекунам. Мо Шуморо ҳамчун як арбоби барҷастаи давлатӣ, як пешвои эътирофшудаи умумимилли мардуми тоҷик мешиносем. Ва имрӯз мо комилан ҳақ дорем дар бораи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду давлати бародари худ сухан гӯем".

      Ҳарду ҷониб густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва иштироки фаъоли доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ин раванд ҷавобгӯи талаботи замон донистанд.

      Қайд карда шуд, ки форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон низ, ки дар арафаи ин сафар дар Остона баргузор шуд, имконоти назарраси тавсеаи робитаҳои мустақими тиҷоратиро нишон дод.

      Барои рушди минбаъдаи муносибатҳо, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид гардид.

      Таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди занҷираҳои устувори истеҳсолӣ вазифаи афзалиятнок дар соҳаи саноат дониста шуд.

      Аз рушди минбаъдаи робитаҳои башарӣ, бахусус мубодилаҳои фарҳангӣ, маърифатию академӣ ва тиббӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

      Ба омӯзиши мутахассисон дар самтҳои амнияти киберӣ, технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

      Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон ва амният низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

      Бо назардошти вазъияти мураккаби байналмилалӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ муҳим дониста шуд.

      Мубодилаи созандаи афкор, инчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

      АКСҲО:

      07.11.2026
      40
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО