Санаи 18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел бо иштироки роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ Форуми сармоягузорӣбаргузор гардид.
Дар форум инчунин роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, роҳбарон ва кормандони бузургтарин ширкатҳои Белгия, Швейтсария, Подшоҳии Муттаҳида, дигар мамлакатҳои Аврупо ва зиёда аз 115 нафар соҳибкорони минтақа, ки бахшҳои нассоҷию бофандагӣ, саноати кӯҳкорӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бахши зеҳни сунъӣ, саноати сабук, тавлиди ҷавоҳирот ва заргарӣ, рушди кишоварзиву бахши саноатикунонии чорвопарварӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ ва ғайраро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.
Дар форум Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия, Намояндаи доимии кишвар дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода иброз дошт, ки ин ҳамоиш барои тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ хидмат хоҳад кард.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо хонум Тери Ҳакала ибрози ақида намуданд, ки муқаррарӣ гардидани вазъ баъди бемории ҳамагир барои рушди густариш ва тавсеа ёфтани ҳамкории сармоягузории Аврупо бо Тоҷикистон заминаи хуб хоҳад буд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршеди Мирзо доир ба вазъу фазои сармоягузорӣ дар кишвар, имконоти фаровони бо эҷоди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба амаломада, имтиёзоти соҳибкороне, ки ба Тоҷикистон сармоя ворид мекунанд ва тариқаи амалӣ намудани лоиҳаҳо дар кишвар бо сармояи мустақими хориҷӣ маълумот доданд.
Дар ин бахш роҳбари маҷаллаи «Дипломатик Уорлд» Барбара Дитрих ва раиси Ассотсиатсияи аврупоии «Проптех» Дирк Паэлин маводи аз ҷониби масъулини Тоҷикистон муаррифишударо тақвият бахшида, ҳозиринро барои ҷиддан баррасӣ намудани имконияти васеи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ташвиқ карданд.
Дар форум инчунин муовини директори генералии ширкати «ТАЛКО Менеҷмент» А. Назаров ва директори лоиҳаҳои сармоягузории гурӯҳи ширкатҳои «Авесто групп» Б. Азонов бо арқому санадҳо суханронӣ намуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи амиқи ҳозирин қарор гирифтанд.
Дар бахши сеюми форум муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Мӯъминзода ва роҳбарони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон ширкаткунандагонро бо табиати афсонавию меросии кишвар ва таҷрибаи ҳамкории андӯхтаашонро бо шарикони хориҷӣ тавассути намоиши филмҳои касбӣ пешкаши ҳозирин намуданд.
Раиси ассосиатсияи операторони туристии Белгия Раэс Геерт, корманди ширкати сармоягузории «Финнова» Пабло Барриос, муовини Вазири молияи Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова ва менеҷери ширкати ватании зеҳни сунъӣ Азизҷон Азимӣ дар баррасиҳои ҷонибӣ фаъолона ширкат варзида, аз натиҷаҳои мушаххаси тамосҳои худ иттилоъ доданд.
Дар фарҷом Раиси Шӯрои директорони ширкати саҳомии «ТАЛКО» Н. Раҷабзода бо роҳбари ширкати швейтсарии «Васт рисорсиз ПЛС» Эндрю Прелеа ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки маҷмӯи маблағгузориаш 20 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ширкати ватании «Авесто групп» бо ширкати белгиягии «Пиканол Н.В.» дар масоили нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ширкати ватании «Амина» бо ширкати «Интреко»-и Белгия ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расониданд, ки онҳо тавсеаи истеҳсолоти аллакай дар Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ воридшудаи иловаҳои хӯроки чорвову парандаро дар бар мегиранд.
Бояд гуфт, ки форуми Брюссел силсилаи чунин чорабиниҳоеро оғоз намуд, ки онҳо ба рушди босуръати саноати Тоҷикистон ва бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар мусоидати қавӣ хоҳанд кард. Пайгирии мунтазами тавофуқоти дар ҳамоиш ба даст омада аз ҷониби вазорату идораҳои кишвар натиҷаҳои назаррас ба бор меорад.