Рӯзҳои 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, логистика, фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд.
Инчунин, дар доираи Форум баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ доир хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир гардида, аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.